Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Dushanbe EXPO Centre» даври ҷумҳуриявии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмун бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон молу маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамзамон дар доираи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Озмун аз соли 2008 инҷониб дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.
Дар озмун шахсони ҳуқуқии шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ ва ҳар гуна хизматрасонӣ машғуланд, иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ ва муттаҳидкунии мақомоти давлатӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияти онҳо ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ равона гардидааст, кумак барои таъмин намудани бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, ташкили замина ва ҳамкории васеъ барои татбиқи усулҳои замонавии роҳбарӣ ва таъмини сифат дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ барои ба даст овардани муваффақият дар соҳаи сифат мебошад.
Маросими ҷоизасупорӣ ба 119 нафар ғолибони озмун дар Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии стандартҳо- 14 октябри соли 2025 баргузор карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






