Раиси Шурои уламои Тоҷикистон бо медали фахрии Анҷумани роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо медали фахрии Анҷумани роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷоиза бо фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев дар маросиме, ки дар ҷараёни баргузории Анҷумани VIII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ баргузор гардид, супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Анҷумани VIII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки 17 сентябр дар шаҳри Остона таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, иштирок намуд.
Дар ҳамоиш беш аз 700 намоянда аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
АКС: Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






