Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки барои ворид намудани Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дар соли 2026 тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки Парки миллии Тоҷикистон бо 2,6 миллион гектар ва Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» бо 49,7 ҳазор гектар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.
Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи такмили назорати давлатӣ ва идоракунии устувори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи гуногунии биологӣ солҳои охир саршумори намудҳои нодири ҳайвонот, аз ҷумла морхӯр, гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) ва бабри барфӣ зиёд мегардад. Дар се соли охир бо мақсади ҳифзи ҳайвоноти нодир дар ноҳияи Мурғоб «Маркази офиятбахшии бабри барфӣ», дар Резервати биосферии «Ромит» ва Парки табиии «Сари Хосор» парваришгоҳи гавазни бухороӣ ва дар Мамнуъгоҳи табиии «Дашти Ҷум» парваришгоҳи морхӯр ташкил гардид».
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






