«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад

Сентябрь 9, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷашни фархундаи миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бо ифтихору фараҳмандӣ аз бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ – бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ёдовар шуд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО-и «Роғун» 27 августи соли равон баён доштанд: «ба анҷом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад. Яъне бо бунёд кардану пурра ба кор андохтани «Роғун» мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзаву ояндаро таъмин мекунем».

Бояд гуфт, ки ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Соли оянда иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад.

Тибқи нақшаи мувофиқагардида, Ширкати «Фойт – Гидро» на дертар аз моҳи сентябри соли 2027 васлу насби гидроагрегати чорумро ба анҷом мерасонад. Лоти 2, яъне сохтмони сарбанди неругоҳ, ки аз иншооти асосиву муҳим ба ҳисоб меравад, ба уҳдаи ширкати итолиёии «Вибилд» вогузор шудааст.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ иброз доштанд: «зимни боздид мушоҳида кардем, ки раванди корҳои сохтмони сарбанд аз лиҳози ташкилӣ ва суръат хуб ҷараён дорад».

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои хобонидани шағал ва гилхоку филтрҳо дар сарбанд бо дарназардошти бетони кӯбида то 1104 метр аз сатҳи баҳр бо баландии 139 метр иҷро гардидааст. Танҳо аз моҳи октябри соли 2024 то имрӯз хобонидани мавод дар сарбанд то сатҳи 1104 метр бо баландии 91 метр дар ҳаҷми 12 миллиону 700 ҳазор метри мукааб иҷро гардидааст.

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки аз лиҳози ҳаҷм ин кори хеле бузург мебошад ва хотиррасон намуданд, ки то 9-уми сентябр – рӯзи ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ сарбанд ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расонида, баландии он ба 145 метр баробар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати мамлакат дар соли 2024 барои иҷрои корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани 2,8 миллиард сомониро ба нақша гирифта буд, вале бо дарназардошти аҳаммияти стратегии иншооти «Роғун» бо дарёфти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ барои тезонидани ҷараёни корҳо, дар маҷмуъ, 4,8 миллиард сомонӣ маблағ равона намуд. Аз оғози соли 2025 барои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст.

Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст. Аз ҷумла тайи давраи солҳои 2024 – 2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизмҳои нав ворид карда шудаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форуми «Dushanbe Invest – 2025» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Дар Остона иҷлосияи XXVIII Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ доир гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли тухми паранда беш аз 19 фоиз зиёд гардидааст
РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Дар Тоҷикистон соҳаи мошинсозӣ дар ҳоли рушд қарор дорад
Ҷамъоварии пахта дар Ёвон бомаром идома дорад
Дар Норак ҷаласаи дуюми Шурои ҳавзаи дарёи Вахш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон барои парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам аст
Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми чоруми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва интерконнект иштирок намуд