Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва корҳои созандагӣ шинос гардид

Сентябрь 1, 2025 13:50

 ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 август Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шарҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва раванди созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ шинос гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо иштироки Сарвазири мамлакат дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  ба номи Эшмирзо Норматов ифтитоҳ гардид.

Корхона бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ бунёд шуда, метавонад дар як сол то 3000 тонна пахтаро коркард намояд. Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли пахта барои 30 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.

Дар деҳаи Ободдеҳи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳия сохтмони фермаи парандапарварӣ идома дорад. Қоҳир Расулзода бо сохтмони ферма шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ферма аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Юсуф Абдуғанизода барои 15 000 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ то имрӯз 80 фоизро ташкил медиҳанд.

Сарвазири Тоҷикистон инчунин дар деҳаи Суғдиёни ноҳияи Шаҳритус бо ҷамъоварии ҳосили пахта ва нашъунамои ҷуворимака шинос шуд.

Майдони умумии хоҷагӣ 9 гектар буда, дар 5,8 гектар пунбадона, дар 1 гектар ҷуворӣ барои дон, дар 0,10 гектар картошка ва дар 2,10 гектар дигар зироати кишоварзӣ кишт гардидааст.

Дар ноҳияи Шаҳритус созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ идома дорад. Дар деҳаи Гулзори ноҳия барои 120 кӯдак сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз гардидааст. Муассиса бо саҳми сокинони маҳал ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 1, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд