ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 8, 2025 11:09

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.

«Мо ифтихор дорем, ки дар сию  чор соли Истиқлолияти давлатӣ пойдевори давлатдории миллиамон гузошта шуда, барои таҳкими он корҳои бузург ба анҷом расонида шуданд ва мо имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем», — афзуд ректори донишгоҳ.

Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақою  симои миллат, рамзи  асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам  намуда, Ватанро аз фаношавӣ наҷот диҳем ва ба ин васила дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ гардонем.

Таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва соҳиб гаштан ба истиқлоли маънавию фарҳангӣ масъалаи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва  ватанпарастӣ ҳамчун яке аз омилҳои таҳкими Истиқлолияти миллӣ имрӯзҳо аҳамияти вижа касб намуда, дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон  қарор дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Сентябрь 8, 2025 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд