Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Ташаккули ояндаи об» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии махсуси сатҳи баланд зери унвони «Ташаккули ояндаи об» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки об дар ҳалли мушкилоти глобалии имрӯза нақши калидӣ дорад ва ҳамбастагии об, энергетика ва озуқаро ҳамчун имкони табдил додани хатарҳои марбута ба имконияти устувор унвон намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар бунёди иқтисоди «сабз» ва нақши калидии об дар ин раванд таъкид намуд, ки ҳоло беш аз 98%-и неруи барқи мамлакат аз ҳисоби неруи обӣ тавлид мешавад.
Вазири корҳои хориҷӣ обро «бузургтарин ганҷи ҳаёт» номид ва мудирияти фарогири онро барои пешрафти ҷомеаҳо, рушди иқтисод ва ҳифзи экосистемаҳо дар саросари ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






