Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаҳои сатҳи баланд оид ба низомҳои огоҳии бармаҳал иштирок намуд

Сентябрь 23, 2025 09:42

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаҳои сатҳи баланди суръатбахшии раванди қабули қарорҳо оид ба огоҳии бармаҳал ва мубориза бо гармои шадид иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон таъкид кард, ки низомҳои огоҳии бармаҳал яке аз василаҳои муассир барои мубориза бо обшавии босуръати пиряхҳо ва хатари афзояндаи обхезӣ ва хушксолӣ маҳсуб мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба масоили муҳити зист, об ва иқлим рӯй оварда, дар ин росто аҳамияти ташаббуси Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025  Соли ҳифзи пиряхҳо барои муттаҳид намудани талошҳо бобати таъмини устувории ҷомеаҳо ва иқтисодиёти аз обшавии босуръати пиряхҳо осебдида таъкид намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид