Сокинони шаҳри Турсунзода соҳиби туҳфаи бебаҳо-«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ гардиданд
ТУРСУНЗОДА, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 рӯз аст, ки дар шаҳри Турсунзода тақдими китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони шаҳр идома дорад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ барои 60 ҳазору 683 хоҷагӣ ба шаҳри Турсунзода ворид гардид. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гурӯҳи корӣ ташкил шуда, то имрӯз ба 22 ҳазору 640 хонавода ин туҳфаи арзишманди Президенти Тоҷикистон тақдим гардидааст.
Тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар оилаи тоҷик хизмати беназир давоми қарнҳо барои халқи соҳибтамаддуни мо гардида, таҳрики бузурге дар таҳкими маънавиёту фарҳанги миллӣ ва бақои давлатдории тоҷикон мебошад.
Бояд гуфт, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷик буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад.
Сокинони шаҳри Турсунзода ин китоби арзишмандро бо шодию сипос қабул намуда, ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғиби ватандӯстию худшиносии миллӣ ва тақдими китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд






