ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ГАРМӢ. Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд

ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд. Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шуда, дар назар аст, ки дар даҳаи дуюми моҳи октябр ба кор оғоз намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуда, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъмин мебошад. Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омодаи кор шуда, дар муҳлати муайяншуда марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.
Маркази барқу гармидиҳии № 1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳавои моҳи октябри имсола ба соли 2017 монанд хоҳад шуд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа балантар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 13+19 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 12+14 дараҷа гарм мешавад. Даҳаи аввали моҳ ҳаво гармтар буда, дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур нест.
Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёди иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.
Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад. Ин сатҳи таъмини аҳолии мамлакатро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ дар таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- марказҳои барқу гармидиҳии №1, №2 ва дегхонаҳо 3 ҳазору 200 биною иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин гардиданд. Дар мавсими зимистони солҳои 2025-2026 таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармӣ, ки дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад. Ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш мебошад.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 августи соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо неруи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироат, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор барои ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд. Ситод имрӯзҳо барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои ин қарор фаъолияти амалӣ дорад.
Тавре аз маркази матбуоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, пеш аз он ки шоҳқубурҳо бо об пур карда шаванд, аввал ҳар муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳия хабардор карда мешаванд, ки шаҳрвандонро огоҳ созанд, то нуқтаҳои таъмирталабро сари вақт дуруст намоянд.
«То сипарӣ гардидани мавсим мо бо шабакаҳои гармидиҳӣ ҳамкории зич намуда, ҳангоми ба амал омадани садама фавран онро бартараф менамоем», — иттилоъ доданд аз «Барқи тоҷик».
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз