Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилии асъор ҳамкориро дар самтҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилии асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар самтҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми дурнамосозӣ, расмикунонии иқтисоди пинҳонӣ, ҳамзамон татбиқи ислоҳоти сохторӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Иброз гардид, ки дар натиҷаи вохӯриҳои сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идоракунандаи Хазинаи байналмилии асъор Кристалина Георгиева муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.
Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ давоми панҷ соли охир рушди миёнаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар мамлакат зиёда аз 8 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми номиналии он соли 2025 тибқи баҳодиҳӣ ба 173,4 миллиард сомонӣ баробар мегардад, ки нисбат ба соли 2020 2 маротиба зиёд мебошад.
Инчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025 рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан дар сатҳи 8,5, 8,3 ва 8,6-фоизӣ пешбинӣ гардидааст.
Бо назардошти тамоюли рушди иқтисоди миллӣ имсол Хазинаи байналмилии асъор суръати рушди иқтисоди миллии мамлакатро дар соли 2025 бозбинӣ карда, дар сатҳи 7 фоиз баҳо дод.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






