СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан бунёд мегардад

Сентябрь 13, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар вилояти Суғд сохтмони корхонаи азими саноатӣ – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик»  идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, имсол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Шоқадамбулоқ санги асоси ин иншооти муҳим гузошта шуд. Он оғози марҳалаи нав дар рушди соҳаи саноати маъдан ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 700  сохтмончии маҳаллӣ ва мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  идома доранд. Лоиҳа бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти ёрирасон, се бинои баландошёнаи маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхонаро дар бар мегирад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ беш аз 150 техникаю таҷҳизоти пуриқтидор ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Корхона дар ду марҳила сохта мешавад- дар марҳилаи аввал то соли 2027 он мавриди истифода қарор гирифта, дар марҳилаи дуюм то соли 2031 пурра ба истифода дода мешавад.

Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоиз-ро ташкил дода, дар баробари маъдани оҳан маъданҳои сиёҳ ва ранга низ коркард хоҳанд шуд. Қисми зиёди маҳсулот ба содирот равона гардида, боқимонда дар бозори дохилӣ истифода мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 13, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд