Ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Деваштич ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд.
Таъкид гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода изҳор дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд».
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
Баъдан маросими «Нонгазон» баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.
Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангии иборат аз сурудҳои ватандӯстонаро манзури иштирокчиён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






