Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ тадбирҳои амалӣ меандешад

Октябрь 10, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дод, ки ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар самти зеҳни сунъӣ ва мусоидат ба иҷрои самараноки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро ба уҳда дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ мебозад. Дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» Агентӣ барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди устувори мамлакат ва минтақа фаъолона иқдом менамояд. Бо ҷонибдории қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ҳамкории кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, инчунин рушди зеҳни сунъӣ бахшҳои муҳими иқтисод, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, савдо ва молияро фаро мегирад. Ин ҳуҷҷат зарурати риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои таъмини ояндаи рақамии бехатар, фарогир ва бозро таъкид менамояд.

Қисмати муҳими ин ташаббус таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Марказ ба мубодилаи дониш, омодасозии мутахассисон, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таъсиси механизмҳои худтанзимкунӣ барои таъмини амният ва эътимоднокии низомҳои зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд.

Агентӣ ҳамзамон лоиҳаҳои фарогири рақамисозиро амалӣ менамояд, ки ба бартарафсозии нобаробариҳои инфрасохторӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкории бахшҳои давлатию хусусӣ равона гардидаанд. Ин тадбирҳо ба ташаккули экосистемаи мусоиди воридсозии ҳалли инноватсионӣ ва суръатбахшии табдили рақамии Тоҷикистон ва минтақа мусоидат менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид