Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия тақвият дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ 27 октябр зимни вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати ниҳоди байналмилалӣ – Ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия Федерико Фаилла баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи робитаҳои илмӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Италия изҳор намуданд.
Таъкид гардид, ки дар оянда бо ҷалби олимон ва марказҳои илмии ду мамлакат лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, машварату конфронсҳои илмӣ ва табодули донишмандон ба роҳ монда мешавад.
Мусоҳибон имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои энергетика, экология, астрономия, геология, зилзиласанҷӣ ва илми биотехнология муҳокима намуданд.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки барои густариши робитаҳо байни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҳар ду давлат меморандуми нави ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






