Ҷавонони сарбаланди Шаҳристон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Шаҳристон маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаю ташкилот, раисони ҷамоатҳои деҳот, фаъолон, собиқадорон, даъватшавандагон ва волидайни онҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон хабар доданд.
Раиси ноҳияи Шаҳристон Рабим Ғафурзода иброз дошт, ки «имрӯз мо бо шукронаи соҳибистиқлолии мамлакат дар фазои тинҷию осудагӣ ҷавонони бонангу номуси ноҳияро, ки бо руҳияи баланд, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан ба хизмати ҳарбӣ омода мебошанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон менамоем».
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ дар барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният, суботу оромии мардум, пойдорӣ ва мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон саҳми назаррас гузошт. Имрӯз хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва муқаддаси ҳар ҷавони бонангу номус мебошад.
«Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони ноҳияи мо низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистон содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзанда мегузоранд»,-иброз намуд раиси ноҳия.
Дар анҷоми ҳамоиш маросими «Нонгазон» баргузор гардида, барои болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






