Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр, соати 10:00 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Забон дар масири Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор шуда, дар он забоншиносон ва муҳаққиқони соҳа вобаста ба нақши забони давлатӣ мубодилаи афкор мекунанд.
Дар конференсия мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ», «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигоҳдошти забони давлатӣ» ва «Аҳамияти забон дар ташаккули ҷомеа» ва дигар мавзуъҳо муҳокима карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






