Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Октябрь 20, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи наздик баргузор гардид, ки дар он байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва киностудияҳои миллии шаш давлат Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, санадҳо байни студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург «Лендок», Киностудияи миллии «Беларусфилм»-и Беларус, Муассисаи давлатии буҷетии фарҳангии Ҷумҳурии Тотористон «Татаркино», Киноконсерни «Узбекфилм»-и Узбекистон ва Киностудияи миллии «Қирғизфилм» ба номи Т.Окееви Қирғизистон ба имзо расиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи шуро иброз гардид, ки ба имзо расидани ин санадҳо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи синамо, табодули таҷриба, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба пешрафти кинематографияи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд, мусоидат менамояд.

Директорони киностудияҳо дар ҷаласа масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти истеҳсол, кироя ва паҳнкунии филмҳо, табодули таълимӣ, рақамикунии бунёди филмҳо ва таъсиси бойгонии ягонаи расонавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳори Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин масъулин оид ба таъсиси Шурои ҳамоҳангсозӣ барои банақшагирии лоиҳаҳои истеҳсол ва паҳнкунии муштараки филмҳо, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ, мубодилаи мутахассисон ва ташкили намоиши мутақобили филмҳо дар кишварҳои шарик ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи наздик бо иштироки роҳбарони киностудияҳои миллӣ, марказҳои синамоии давлатӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ аз Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Гурҷистон, Афғонистон ва Тотористон гузаронида шуд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Октябрь 20, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд