Дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаҳои стипендиявии Лаҳистон муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти академия бо намояндагони барномаҳои стипендиявии Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода таъкид намуд, ки академия амалӣ намудани иқдоми мушаххасро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо барномаҳои стипендиявии Лаҳистон дастгирӣ менамояд. Ҳамгироии илмӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳсилоти олӣ метавонад дар тавсеаи малакаҳои касбӣ ва рушди захираи инсонии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад.
Меҳмонон иброз доштанд, ки ҳамкории минбаъда дар самти таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин таҳқиқоти илмӣ заминаи мустаҳкаме барои муколамаи фарҳангӣ ва рушди таҳсилоти босифат хоҳад гардид.
Зимни мулоқот бо ҳайати устодон ва донишҷӯён барномаҳои стипендиявии Ҷумҳурии Лаҳистон муаррифӣ шуда, дар бораи имконияти таҳсил, талабот, равандҳои пешниҳоди дархост ва афзалияти иштирок дар барномаҳо маълумоти муфассал манзур гардид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд






