Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳоии CirculEC ва OFINU баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, Испания, Латвия, Италия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ҳамоиш дар доираи лоиҳаҳои CirculEC (Таълими инноватсионӣ барои иқтисодиёти даврӣ) ва OFINU (Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ) баргузор шуда, ҳадафи он гузаронидани мониторинги сатҳи татбиқи иқтисодиёти даврӣ, баррасии нақшаҳои таълимӣ ва таҳияи модулҳои инноватсионии таълим оид ба ин соҳаи наву муосир буд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода аҳамияти ҳамкории байналмилалиро дар рушди таҳсилоти олӣ ва татбиқи иқтисодиёти «сабз» таъкид намуд.
Меҳмонон зимни суханронӣ омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба иброз доштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби тарафҳо рӯнамоӣ дар бораи фаъолияти лоиҳаҳоии CirculEC ва OFINU дар Донишгоҳи технологӣ баррасӣ гардид.
Иштирокчиён бо инфрасохтори донишгоҳ, озмоишгоҳҳо ва барномаҳои таълимии марбут ба иқтисодиёти даврӣ шинос шуданд.
Иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар самти таҳкими муносибатҳои академии минтақавӣ ва байналмилалӣ қадами муҳим арзёбӣ гардида, ба таҳкими платформаи илмӣ-таълимии муштарак ва татбиқи амалии лоиҳаҳоии CirculEC ва OFINU мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон