Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид

Октябрь 23, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид. Зимни он ноширони ватанӣ ва хориҷӣ барои иштироки фаъолона бо  Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар намоишгоҳ ноширон ва намояндагони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия китобҳои тозанашрро пешниҳод намуданд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Зимни ҷамъбасти намоиш иброз гардид, ки фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ имкон дод, ки дар мамлакат теъдоди нашриёти давлатию хусусӣ сол ба сол афзуда, китоб ҳамчун василаи камолоти инсон мақоми хоссаро соҳиб гардад.

Ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ройгон дастрас гардидани «Тоҷикон» – шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ  ба ҳар  хонадон ва таҷлили Рӯзи китоб аз ҷумлаи дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми китоб дар мамлакат мебошад.

Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст. Он дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дӯсту бародар, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас ва ҷавон тавассути мутолааи осори адибон нақши созгор мегузорад.

Дар намоишгоҳ ноширони мамлакат, аз ҷумла Муассисаи нашриявии «Маориф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик», «Нашриёти муосир», «Адиб» ва «Ирфон» китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд, ки хонандагон онҳоро бо хушнудӣ  хариданд.

Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт