Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Узбекистон, шодравон Давлатманд Холов таҳти унвони «Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик» маҳфили адабӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил намояндагони илму фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок намуда, доир ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии миллӣ, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳанги мардумӣ изҳори андеша карданд.
Иброз гардид, ки устод Давлатманд Холов дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ маҳсуб мешавад. Ҳунарпеша дар зиндагӣ оҳангҳои зиёд эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшидааст ва шогирдони зиёдеро дар ҷодаи санъат ба воя расонида, аз худ номи неку ҳунари воло ба мерос гузоштааст.
«Фалаки кӯҳистонии миллати тоҷик тавассути ҳунари асили Давлатманд Холов машҳур гардида, саҳми устоди зиндаёд дар рушду инкишофи ин жанри мусиқӣ басо бузург аст», – таъкид шуд дар маҳфил.
Давлатманд Холов маротибаҳои зиёд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса, Амрико, Нидерланд, Англия, Ҳиндустон ва Покистон ҳунарнамоӣ карда, суруду оҳангҳои ҷолиби миллати тоҷикро дар жанри фалак дар сатҳи баланд муаррифӣ намудааст.
Суруду оҳангҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов навоварие дар фарҳанги мусиқии миллии суннатии тоҷик мебошанд. Аз ҷумла, сурудҳои эҷоднамудааш, ба монанди «Дур машав», «Соқиё», «Дидамат», «Эй дил», «Бишнав аз най», «Эй қавми ба ҳаҷ рафта», «Фотиҳаи фалак» (ғазалҳо аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ), «Бӯи ҷӯи Мӯлиён», «Майи лаъл» (ғазали Рӯдакӣ), «Наргиси ҷоду» (ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ), «Ҳалқаи дом аст» (шеъри Бедил), «Омадаӣ» (ғазали Ҳофиз), «Кӣ мебарад» (шеъри Соиби Табрезӣ) дар санъати овозхонии тоҷик падидаи нав буда, дар дили ҳаводорони санъату ҳунар ҷой гирифтаанд.
Тазаккур дода шуд, ки Давлатманд Холов фидокорона барои рушду нумӯи санъати касбии тоҷик хизмат намудааст.
Давлатманд Холов давоми фаъолият эҷодиёти зиёдеро ба мерос гузоштааст ва имрӯз падидаҳои нави эҷодӣ аз ҳисоби шогирдону пайравонаш дар симои роҳбари Ансамбли давлатии «Фалак» Носир Сафарзода, Шӯҳрат Сайнаков, Ибодат Раҷабзода, Шоҳин Абдуллоев, Комрони Ҳошим, Сафовуддин Раҷабов, Фарзона Шодиева, Фотима Машрабова, Матлуба Раҳимова, Худойдод Мадалиев, Ҷумъа Раҷабов, Иззатулло Абдуллоев, Қудрат Муродов, Музаффар Шарифзода, Раҳматулло Боймадов, Сорбон Олимов ва дигар ҳунармандону мутрибон, аз ҷумла фарзандаш Лоиқ Холов ва бародаронаш дар фазои фарҳангии ҷумҳурӣ давомдиҳандаи ҳунару истеъдоди марҳум мебошанд .
Ҳамчунин дар маҳфил сурудҳо аз эҷодиёти устоди ҳунар Давлатманд Холов дар иҷрои писараш — Лоиқ Холов ва пайравони мактаби санъату ҳунари асили фалак пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд






