Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» Симпозиуми байналмилалии фалак баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
15 октябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии фалак доир мегардад. Дар он муҳаққиқон, санъатшиносон, устодони мусиқӣ, ҳунармандон ва фарҳангшиносони дохил ва хориҷи мамлакат доир ба нақши фалак дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва дурнамои рушди мактаби суннатии он мубодилаи афкор менамоянд. Дар назар аст, ки дар симпозиум аз ҷониби иштирокдорон зиёда аз 30 маъруза пешниҳод гардад.
Ҳамчунин имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, соати 17:00 шоми фалакхонӣ доир мегардад.
16 октябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивали байналмилалии фалак доир мешавад. Дар он фалаксароён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Файзобод, Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак муайян карда шудааст. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат ҷойгоҳи арзанда дорад.
Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






