Дар Русия Конгресси дуюми Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Конгресси дуюми Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор гардида, ба намояндаи аҳли зиёи тоҷик Абдулқаҳҳор Қосимзода медали «Барои саҳми арзанда дар рушди адабиёти ҷаҳон» супорида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» шоир Абдулқаҳҳор Қосимзода иттилоъ дод, дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 150 давлати ҷаҳон иштирок намуда, нақши ҷамъиятҳои адибон, санъати тарҷума, намоиши китобҳо, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи адабиёт ва дипломатияи фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи ин конгресс таҳти унвони «Мо аз як сайёра ҳастем» ҳамоиш доир шуд, ки адибон ва рӯшанфикрони беш аз 60 кишвари ҷаҳонро ҷамъ овард. Ин ҳамоиш собит кард, ки сарфи назар аз тафовути ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ як самти муштараки эҷодкорӣ ва фаҳмиш метавонад дар саросари ҷаҳон паҳн шавад.
Ҳамчунин дар конгресс маросими супоридани Ҷоизаи адабии ҷаҳонии Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор шуд. Ҷоиза ба муаллифоне дода шуд, ки на танҳо маҳорати баланд нишон додаанд, балки дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд.
АКС: Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон








РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






