Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми бақайдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, ёдгориҳои миллӣ ва байналмилалӣ бозёфт гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Дар доираи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз ҷониби агентӣ азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ идома дошта, ҳадаф аз он таҳияи Феҳристи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мебошад.
Дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бақайдгирӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 30 ёдгориҳои дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шуданд.
Дар вилояти Суғд низ корҳои бақайдгирӣ 70 фоиз анҷом ёфтааст. Дар вилояти Хатлон бошад, дар айни замон корҳои бақайдгирӣ 90 фоиз иҷро гардидааст. Инчунин дар ҳудуди минтақаи Рашт зиёда аз 20 ёдгориҳои нав кашф шуда, тибқи муқаррарот ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ворид карда мешаванд.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳтиром ба таърихи халқи худ ва то наслҳои минбаъда аст. Зеро онҳо таҷассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро ба ҳам васл менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат






