Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид

Октябрь 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид, ки дар он 42 нафар иштирокчиён сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» аз рӯи ду синну сол — қироати шеър байни наврасони то 14-сола ва аз 14-сола боло баргузор гардида, Робия Сиддиқова ва Юсуфҷон Искандаров ғолиби ҷойи якум дониста шуданд. Ғолибони озмун ҳар кадоме бо диплом ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин дар озмун 2 нафар сазовори ҷойи якум,  4 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 6 нафар лоиқи ҷойҳои сеюм гардиданд. Ҳамчунин  ба 30 нафар гирифтани ҷойи ифтихорӣ муяссар шуд.

Мақсад аз баргузории  ин озмун боло бурдани ҳисси худшиносии сокинон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди мамлакат, ҳифзи якпорчагии марзу бум, ваҳдати сартосарӣ, ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ ва дарёфту ҳавасманд намудани истеъдодҳои наврасу ҷавон мебошад.

Иштирокчиёни озмун бо истифода аз дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ шеър ё таронаеро дар васфи Ватан замзама намуданд, ки дар гурӯҳи фейсбукӣ ва ютубии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷой дода шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад