«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Аз рӯи натиҷаҳои Форуми байналмилалии сармоягузорӣ нишасти матбуотӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз аз рӯи натиҷаҳои баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд, иттилоъ дод, ки дар форум беш аз аз 1500 иштирокчӣ зиёда аз 50 давлати ҷаҳон иштирок намуд. Дар кори форум намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои бузург ва бахши хусусӣ иштирок доштанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин нишасти матбуотӣ иттилоъ медиҳад, ҳадафҳои асосии форум муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, арзёбӣ гардид.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода сипоси Ҳукумати мамлакатро ба шарикони рушд, аз ҷумла АМИТ «Ховар» барои инъикоси саривақтии раванди баргузориии чорабинӣ расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар маросими расмии кушодашавии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои сармоягузории худро дар самтҳои энергетикаи сабз, саноати коркард, рақамикунонӣ, инфрасохтор ва логистика ба шарикони байналмилалӣ пешниҳод намояд, ва иштирокчиёнро ба ҳамкории амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дарозмуддат даъват карданд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар раванди форум 3 ҷаласаҳои пленарӣ, аз ҷумла ҷаласаи махсуси пленарӣ бахшида ба имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе, 12 ҷаласаҳои панелӣ ва як қатор ҳамоишҳо баргузор гардиданд, ки мавзӯъҳои сармоягузориҳои сабз, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, рушди шаҳрҳо, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, молия ва ҳамкории давлату бахши хусусиро дар бар гирифтанд.
Ҳамчунин, дар чорчӯби форум 21 чорабинии канорӣ баргузор шуд, ки ба самтҳои соҳибкорӣ, технологияҳои сабз, нақши занон дар иқтисодиёт, франчайзинг, бозори суғурта ва рушди минтақавӣ бахшида шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид






