Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд

Октябрь 22, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар самти пешгӯии боду ҳаво тақвият медиҳанд. Дар ин замина дар доираи ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ(Cg-Ext 2025), ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома дорад, Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода бо Роҳбари Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия – «Росгидромет» Игор Шумаков мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот масъалаи иштироки мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар омода намудани «Пешгӯии мавсими зимистони солҳои 2025-2026 (ноябри 2025-марти 2026)» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Хадамоти обуҳавошиносии Русия «Росгидромет» баррасӣ карда шуд.

Ин пешгӯӣ барои банақшагирии фаъолияти пурсамари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид