Имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои иштирок дар ҷаласа ба Тоҷикистон Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф оварданд.
Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои муҳимеро, ки ба густариши ҳамкории мутақобили судманд дар ин қолаби бисёрҷониба мусоидат менамоянд, имзо менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раёсат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд






