ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД — НАРХ ГАРОН. Чаро дар Тоҷикистон нархи моҳӣ баланд аст?

Октябрь 7, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз моҳи январ то августи соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 70,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  12,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра сайди моҳӣ 2298,9 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва манфиатовари мамлакат ба ҳисоб меравад. Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа бештар гардидааст. Ҳарчанд дар мамлакат ин соҳа рушд ёфта, истеҳсоли гӯшти моҳӣ бештар гардидааст, аммо нархи он дар бозори истеъмолӣ баланд аст. Имрӯз нархи 1 килограмм моҳии зинда дар бозорҳои пойтахт аз  85 то 100 сомониро ташкил медиҳад.

«Омили асосии баланд шудани нархи гӯшти моҳӣ ба афзудани нархи хӯроки моҳӣ вобастагӣ дорад, зеро қисми зиёди хӯроки он аз хориҷи мамлакат ворид мегардад. Омили дигари баландшавии нархи гӯшти моҳӣ зиёд гардидани талаботи истеъмолкунандагон мебошад»,- иброз дошт сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба мухбири АМИТ «Ховар».

Убайдулло Ҳабиб афзуд, ки  дар нуқтаҳои истеҳсоли моҳӣ нархи як килограмми он (вобаста ба намуди моҳӣ) аз  40 то 65 сомониро ташкил медиҳад. Боло рафтани нархи моҳӣ дар бозорҳои истеъмолӣ ба худсарона нарх гузоштани соҳибкорон вобастагӣ дорад.

Ба таҳлили коршиносон, сабаби гаронии нарх ва пурра таъмин нагардидани талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон бо гӯшти моҳӣ пойгоҳи хӯрокӣ ва техникаю технологияҳои навин мебошанд. Сабаби дигар набудани маблағҳои озод барои сохтани ҳавзҳо аз ҷониби хоҷагиҳо ва соҳибкорон аст, зеро набудани қарзҳои имтиёзнок кори онҳоро мушкил менамояд.

Тибқи иттилои  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 385 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 75968,4 гектар (73341,6 гектари он обанборҳо ва 2626,8 гектараш ҳавзҳои моҳипарварӣ) мавҷуд аст, ки барои парваришу истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешаванд.

Дар Тоҷикистон барои 1 нафар дар як сол истеъмоли 9 килограмм  гӯшти моҳӣ муқаррар карда шудааст. Агар хоҳем, ки беҳтарин навъи гӯшти моҳиро истеъмол намоем ва ба нархи миёнаи имрӯза (80 сомонӣ) ҳисоб намоем, барои як нафар дар як сол 810 сомонӣ сарф мегардад. Оилаҳои мо ба ҳисоби миёна аз панҷнафарӣ иборат мебошанд. Барои таъмини аъзои як оила бо ғизои фоидаовар дар як сол мебояд ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ сарф карда шавад.

Барои аҳолии зиёда аз даҳмиллионаи Тоҷикистон дар як сол бояд беш аз 95 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад. Тоҷикистон имконияти истеҳсоли зиёди моҳиро дорад, зеро иқлим, ҳаво ва чашмаю обҳои ширини мамлакат барои рушди моҳипарварӣ созгор мебошанд. Ба иттилои мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам аз об вобаста аст.

«Бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба тасвиб расидааст.

Инчунин 29 августи соли 2025 қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Номгӯй ва ҳаҷми молу маводи бевосита барои субъекҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво вобаста ба эҳтиёҷоти худии онҳо бо назардошти ҳаҷми истеҳсоли мол дар соли 2025 воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд» ба имзо расид.

Дар Тоҷикистон 27 корхона ба истеҳсоли хӯроки моҳӣ машғуланд, ки танҳо аз 25 то 35 фоизи хоҷагиҳои моҳипарвариро бо хӯрокӣ таъмин менамоянд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 10 намудаш, аз ҷумла гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лаққамоҳӣ, амури сиёҳ ва пешонағафси рангоранг дар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Сол ба сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо мекунад, ки моҳӣ аз ин ҳам бештар истеҳсол карда шавад.

25 июни соли 2025  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз ҳавзҳои дигари моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст. Дар он ду намуди моҳӣ – салмон ва Кохо парвариш меёбад. Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад. Бо назардошти ин муассисон дар оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии рушд ба имзо расид
Намояндагони Тоҷикистон дар 11-умин Саммити ҷаҳонии ҳалол иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон кишти гандуми тирамоҳӣ идома дорад
Дар Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст
РАҚАМИКУНОНӢ-ВОСИТАИ МУАССИРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Андешаҳои оид ба имконият ва хавфҳои вобаста ба он
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024» қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор гардид