Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро 90 фоиз иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба андозаи 90 фоиз иҷро намуданд. То имрӯз нуҳ шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи ҷамъовариро пурра иҷро кардаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 254 ҳазору 300 тонна муқаррар гардидааст. То 20 октябр 228 ҳазору 157,3 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияи пахтакор то имрӯз нуҳ шаҳру ноҳия — Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ нақшаро пурра иҷро намудаанд.
Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста шуда, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад.
Ин зироатро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






