Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар Амрико иштирок намуд

Октябрь 21, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 21.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор таҳти унвони «Пойдории молиявии дарозмуддати IDA: пайомадҳо ва имконот» ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба тавозуни ҳаҷми маблағгузории имтиёзнок ва аҳамияти дастгирии доимии донорҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки пойдории молиявии IDA шарти зарурии идомаи дастрасии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ба маблағгузории имтиёзнок мебошад.

Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ ва истифодаи воситаҳои маблағгузории «сабз», дастгирии сармоягузории иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидор таъкид намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа изҳороти муштараки намояндагони давлатҳои аъзои ассотсиатсия қабул карда шуд. Дар он масъалаҳои ҳифзи имтиёзнокӣ, вусъати дастгирии донорҳо ва истифодаи имконияти инноватсионии маблағгузорӣ барои ҳифзи натиҷаҳои рушд дарҷ шудаанд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 21, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид