Нишасти Платформаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Платформаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Нишаст мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони байналмилалӣ барои муҳокимаи лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби се самти ҳамкорӣ – сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ-муҳитӣ (экологӣ) ва захираҳои инсонӣ доир шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Олимҷон Азизов иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳамкории самти бехатарии радиатсионӣ ва ҳалли мушкилоти оид ба партовҳои радиоактивӣ дар вилояти Суғд, ҳамзамон вобаста ба шуруъ намудани лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилоти маҳфузгоҳҳои уранӣ дар Осиёи Марказӣ, Фаза 3-юм» бо пешниҳодҳои мушаххас барои беҳтар намудани ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур сухан намуд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби намояндагони дафтари САҲА дар Душанбе ба ҳамаи иштирокчиён ҷиҳати ҳамкории босамари дуҷониба изҳори миннатдорӣ карда шуд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






