Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд

Октябрь 14, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масоили густариши муносибатҳои ду мамлакат баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъдан, энергияи барқароршаванда ва сохтмон изҳори алоқамандӣ намуданд.

Пешниҳод карда шуд, ки масъалаи таъсиси фонду бонкҳои  муштараки сармоягузорию тиҷоратӣ мавриди омӯзиш қарор ёбад.

Ҳамзамон мусоҳибон  оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва дорусозӣ табодули афкор намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд