Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои таърихи халқи тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Радий Хабиров ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ меҳмонон бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири он ва шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Баъди тамошои нигораҳои нодири Осорхонаи миллӣ Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Радий Хабиров аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик огоҳии комил пайдо намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






