Сафири Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот анҷом дод

Октябрь 6, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Ҳасан Ас-Сувайдӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои калидии ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақиму ғайримустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва рушди шарикии байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ҳар ду кишвар табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанберо барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Октябрь 6, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд