СЕБҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ТАМЪИ ЛАЗИЗАШОН МАШҲУРАНД. Дар Душанбе Иди себ ва ангур таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷашни Меҳргон «Иди себ ва ангур» таҷлил гардид, ки дар он навъҳои «Шоҳисеб», «Шоҳҳусайнӣ», «Гулсеб», «Понғозӣ», «Рахш», «Қосимӣ», «Чоҳсеб», «Шулмун» ва дигар навъҳо ба намоиш-фурӯш гузошта шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар фестивал боғпарварон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат, хусусан аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, навъҳои гуногуни себ, мураббо аз себ, тарзи омодасозии себи хушк ва нӯшокиҳои аз себ омодагашта, инчунин навъҳои ангурро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар мамлакат навъҳои хубонӣ, пахтасеб, шоҳсеб, гулсеб, ҳайдарӣ, гарматирамоҳӣ, рауфӣ, қарсаксеб, ноксеб, нордонсеб ва ғайраҳо маъмул мебошанд. Тоҷикистон мамлакатест, ки ҳар навъи себи он хоси як минтақа буда, аз якдигар бо тамъи лазизашон фарқ мекунанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ минтақаи асосии себпарварии саноатӣ Рашт мебошад. Дар минтақаи Рашт себҳое парвариш карда мешаванд, ки ба навъҳои зимистонӣ, тирамоҳии бармаҳал ва тирамоҳӣ махсус гардонида шудаанд.
Имрӯз боғпарварони шаҳри Ҳисор навъҳои себи зимистонӣ ва тирамоҳиро ба намоиш-фурӯш гузоштанд, ки таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони пойтахт ба ин навъи себ бештар мушоҳида мегардид.
Себ яке аз маъмултарин меваҳо буда, аз ҷиҳати истеҳсол дар дунё пас аз меваҳои ситрусӣ, банан ва ангур меистад. Дар таркиби кимиёии себ 81,0-88,3 фоиз об, 11,7-19,0 фоиз моддаҳои хушк, 4,92-16,0 фоиз қандҳо (асосан глюкоза), 0,20 — 4,2 фоиз туршиҳои органикӣ, 0,07 — 0,26 фоиз моддаҳои даббоғӣ, витаминҳои А, В1, В2, С, РР, маҷмуи моддаҳои фаъоли биологӣ, минералӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Ба иттилои масъулони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар беш аз 40 ҳазор гектар боғ дарахти себ парвариш меёбад, ки 192 ҳазору 948 тонна меваи он ҷамъоварӣ карда шудааст. Он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4335 тонна зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон инчунин 39 ҳазор гектар токзор мавҷуд аст, ки аз он 251 ҳазору 679 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст. Он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 55 ҳазору 385 тонна зиёд мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»






































Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд






