Сергей Лебедев аз нав Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои як давраи дигар ба мақоми Дабири кулли Иттиҳод таъйин карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулл дар кори муҳимаш ба нафъи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муваффақият ва неруи бепоён орзу намуд.
Иброз гардид, ки аз 1 январи соли 2026 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон мегузарад.
«Мо омодаем, ки дар ин рисолати муҳим ба дӯстони туркманамон ҳамаҷониба кумак расонем», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
Акс: ТАСС








Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд






