Ширкати чинӣ ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати чинии «Shanghai Electric Group Co., Ltd.» барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо раиси Шурои директорони ширкати «Shanghai Electric Group Co., Ltd.» У Лэй дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия мубодилаи афкор намуданд. Ба ҳайати ширкати чинӣ рӯнамо оид ба имконият ва самтҳои асосии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ҷониби ширкат ба ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, хатҳои интиқоли баландшиддат, неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз партовҳои маишӣ, инчунин таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд






