Тоҷикистон дар самти гузариш ба энергетикаи «сабз» саъю талоши пайваста менамояд

Октябрь 4, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Стратегияи дарозмуддати рушд Тоҷикистон нақша дорад, ки то соли 2032 пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳамоиши Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) таҳти унвони «Суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ», ки дар доираи «Kazakhstan Energy Week – 2025» дар Остона баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамоиш ба масъалаи тезонидани гузариш ба энергетикаи «сабз» дар Осиёи Марказӣ дар доираи ташаббуси APRECA аз ҷониби IRENA бахшида шуд. Дар он қадамҳои амалӣ оид ба се маротиба зиёд кардани иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва боло бурдани самаранокии энергетикӣ то соли 2030 баррасӣ гардиданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дурнамои мамлакат дар самти гузариши пурра ба энергетикаи «сабз» ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки «имрӯз тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Бо шарофати ин Тоҷикистон ба шумораи давлатҳое дохил мешавад, ки сатҳи пасттарини ихроҷи гази карбон доранд. Ҳадафи дурнамои Тоҷикистон ба даст овардани мақоми комилан «сабз» то соли 2037 мебошад».

Ҳамзамон дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои рушди инфрасохтор, ҳамгироии минтақавӣ, маҳаллӣ гардиши истеҳсолот, такмили қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қарор доштанд.

Ҷонибҳо барои суръат бахшидани ҳамкорӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 4, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд