Тоҷикистон ва Чин тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар соҳаи обуҳавошиносӣ тақвият диҳанд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева масъалаи тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (Cg-Ext 2025) дар шаҳри Женеваи Швейтсария Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода бо муовини директори Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин Зукиянг Жанг, ки масъалаҳои ҳамкории байналмилалиро назорат менамояд, мулоқот намуд. Зимни он самтҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи обуҳавошиносӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти иқтидори Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи технологияҳои пешқадам, инчунин ҳамгироии инноватсионӣ дар асоси зеҳни сунъӣ дар самти низоми пешгӯии обу ҳаворо мавриди муҳокима қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои мубодилаи маълумоти илмӣ, анҷоми таҳқиқоти муштарак ва омода намудани мутахассисони баландихтисос зоҳир карда шуд. Ҳарду ҷониб барои густариши минбаъдаи ҳамкории шарикона ва таҳкими низоми муассири ҳамкорӣ ба манфиати рушди устувор ва баланд бардоштани дақиқияти моделҳои пешгӯии иқлимӣ ва обуҳавошиносӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар натиҷа тарафайн ба тавофуқ расиданд, ки нақшаи чорабиниҳои муштарак барои ояндаи наздик таҳия карда шавад. Ин нақша гузаронидани машваратҳои коршиносон ва мубодилаи сафарҳои расмии мутахассисонро дар бар мегирад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






