Узбекистон таҷриба дар самти франчайзингро дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест-2025» муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Мо хушҳолем, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест-2025» Ассотсиатсияи франчайзинги Узбекистонро муаррифӣ менамоем. Ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил гардида, шумораи зиёди ҳайатҳои хориҷӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳоро ҷамъ овардааст», — изҳор намуд муовини президенти Ассотсиатсияи франчайзинги Узбекистон Диана Қурбонова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» имрӯз зимни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025».
Ба иттилои Диана Қурбонова, франчайзинг дар минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз босуръат рушд менамояд. Ин шакли самараноки тиҷоратие мебошад, ки ба ширкатҳо имконият медиҳад фаъолияташонро васеъ намуда, қолабҳои муваффақи худро бо шарикон дар давлатҳои дигар ба ҳам расонанд. Ассотсиатсияи франчайзинги Узбекистон ба рушди ин қолаб дар дохили кишвар ва берун аз он, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки шарики стратегии Узбекистон ба ҳисоб меравад, фаъолона мусоидат менамояд.
«Дар доираи форум ҳамчунин шарикони мо ҳузур доранд, ки ният доранд фаъолияти худро дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавсеа бахшанд. Мо умедворем, ки иштирок дар форум ба таҳкими робитаҳои мавҷуда ва пайдо кардани шарикони нав барои густариши ҳаракати франчайзинг мусоидат менамояд. Дар доираи форум ҳамчунин ҷаласаи алоҳидаи панелӣ доир ба масъалаҳои франчайзинг баргузор мешавад, ки дар он таҷриба ва имконияти ҳамкориамонро муаррифӣ менамоем», — афзуд Диана Қурбонова.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






