Вохӯрии навбатии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид

Октябрь 16, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкек вохӯрии навбатии мушовирони амнияти миллӣ/котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози вохӯрӣ роҳбарони ҳайатҳоро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ роҳбарони ҳайатҳо доир ба масъалаҳои рӯзнома изҳори назар намуда, ҳамкории дастҷамъона ва андешидани тадбирҳои муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар минтақаро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон ҷонибдории худро барои идома додани ҳамкории минтақавӣ изҳор карда, пешниҳод намуд, ки вохӯрии навбатии мушовирони амнияти миллӣ/котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид