Забони тоҷикӣ садсолаҳост рафтори нек, гуфтори неку пиндори некро таблиғ менамояд, — бардошт аз конференсияи ҷумҳуриявӣ
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон дар масири истиқлол: мушкилот ва дурнамо» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт, ки “бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд”.
Иброз гардид, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд».
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода гуфт, ки “имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад”.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар атрофи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. «Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате аст, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Ин забоне аст, ки Айниву Лоҳутӣ, Миршакару Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд ва мо имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем», -гуфт ӯ.
Дар идома олимону забоншиносони мамлакат доир ба рушд ва ҷанбаҳои забони тоҷикӣ маъруза намуданд.
Ҳамзамон ба як зумра забоншиносон ва онҳое, ки дар рушду густариши забони давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, Сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд






