7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст

Ноябрь 7, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик эълон шудааст. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун доир гардида, ҳунармандон ва кормандони фаъоли театрҳои мамлакат бо унвонҳои баланд ва диплому сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои Театри миллӣ ба истифода дода мешавад, ки он дар як маҳалли зебои шаҳри Душанбе – паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Аз рӯи нақша, бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Барои бунёди бинои театр наздики 3 га замин ҷудо шудааст. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мешавад.

Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд. Дар театр ҷой барои оркестр, ҳуҷраҳои машқу тамрин, меҳмонхона ва дигар шароити зарурии кории ҳунармандон бунёд мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мешавад.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда мешавад.Иншоот дорои 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор хоҳад буд.

Театр рукни муҳими ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, ҳаводорони зиёд дорад. Ба намоиш гузоштани осори гуногунмуҳтаво, масъалаҳои мубрами рӯзгори инсонӣ, ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра дар саҳна рисолати ҳунари театрӣ буда, имрӯз низ чунин бори масъулияти муҳимро бар дӯш дорад. Тавре мутафаккири рус В. Г. Белинский гуфтааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост».

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (соли 1997) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (соли 2002) дар ин раванд, бешак, нақши муассир гузоштанд. Дар мамлакат 18 театри касбӣ ва 22 театрҳои халқӣ фаъолият доранд.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов иброз намуд, ки шуруъ аз соли 2006 то имрӯз биноҳои Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пурра аз таъмир бароварда шуд. Бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат таъмир гардид. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби бинои замонавӣ шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад