Ҳайати Тоҷикистон дар Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11–12 ноябр дар Парки технологии шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода иброз намуд, ки рушди экосистемаи инноватсионӣ ва ҳамкории самарабахш байни донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва бахши хусусӣ омили муҳимми рушди устувори иқтисодиёти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030 аҳамияти хосса медиҳад, ки ҳадафи он ташаккули фазои ягонаи илмӣ ва технологӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки масъалаи тиҷоратӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва конструктории таҷрибавӣ (НИОКР) яке аз самтҳои муҳим боқӣ мемонад. Дар ин замина, як қатор мушкилот ва дурнамоҳои ҳамкорӣ дар доираи кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла зарурати таҳкими механизмҳои дастгирии инноватсияҳо, ҷалби бештари бахши хусусӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотии байнимарзӣ.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба мубодилаи таҷриба, густариши робитаҳои ҳамкорӣ ва татбиқи амалӣ намудани ташаббусҳои муштарак дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






