Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами Тоҷикистон дар Рашт панҷ иншоот ба истифода дода шуд

Ноябрь 25, 2025 13:25

РАШТ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иншооти гуногун ба истифода дода шуданд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар ин рӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх барои сокинону меҳмонони  ноҳия ҳаммоми замонавии дорои беҳтарин шароит мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин  дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр бунгоҳи тиббӣ, иборат аз як ошёна ва ҳуҷраҳои дорои мизу курсиҳо ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти тиббӣ ва ҳуҷраи хатна таъмин шуда, дар он барои кормандон беҳтарин шароити корӣ ташкил гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак роҳҳои байнидеҳавӣ мумфарш карда шуда, дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода пули мошингузар ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зимни ифтитоҳи ин иншоот раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  номид.

     АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

 

 

Ноябрь 25, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад