Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Ноябрь 26, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар мавзуи «Таъсири байнифарҳангӣ дар санъати миниатюра: нақши Камолиддини Беҳзод» бахшида ба 570-солагии ин мусаввири барҷастаи тоҷик конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, пеш аз оғози конференсия намоиши асарҳои омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар жанри миниатюра доир гардид.

Дар конференсия ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Сироҷиддин Ҷурахонзода иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо оғози марҳилаи нави давлатсозӣ набуда, давраи бозёфт ва эҳёи мероси фарҳангию ҳунарии миллати тоҷик гардид. Маҳз дар ин замина шинохт, таҳқиқ ва муаррифии мероси нобиғаи санъати миниатюраи тоҷик Камолиддини Беҳзод ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва арзишманди сиёсати фарҳангии давлат муқаррар карда шуд. Танҳо дар шароити давлатдории мустақил аҳамияти ҷаҳонии Беҳзод ҳамчун чеҳраи барҷастаи санъати Шарқ боз аз нав таҷдид ва ба таври мукаммал таҳқиқ карда шуд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати дорои мероси беназири рассомӣ шинохта шуд, миниатюраи тоҷикӣ ва мактаби Беҳзод дар барномаҳои фарҳангии ЮНЕСКО, осорхонаҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, соли 2001 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ЮНЕСКО 550-солагии Камолиддини Беҳзодро ҷашн гирифт. Дар ин замина дар бораи шахсият ва эҷодиёти ин мусаввири номвар китобу рисолаҳои алоҳида таълиф ёфтанд.

Камолиддини Беҳзод яке аз шахсиятҳои камназири арсаи санъати миллати тоҷик аст, ки бо нубуғи эҷодӣ ва ҷаҳонбинии бадеии худ санъати асили тоҷикро ба авҷи камол расонид. Ӯ яке аз бузургтарин намояндагони мактаби миниатюраи Шарқ, чеҳраи марказии санъату фарҳанг ва ҳунари миллии тоҷикон давоми чандин асрҳо ба шумор меравад.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Мантиқи санъати тасвирии Камолиддин Беҳзод: замина ва маъниҳои пинҳонӣ», «Миниатюраҳои асримиёнаи тоҷикӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ», «Беҳзод ва Осиёи Миёна» ва «Саҳми Муқаддима Ашрафӣ дар таҳқиқ ва муаррифии осори Камолиддин Беҳзод» аз ҷониби олимону муҳаққиқони тоҷику хориҷӣ маърузаҳо пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки Беҳзод бо истеъдоди фавқулода дари санъату ҳунари миллиро барои ҷаҳониён боз намуд. Минбаъд фарҳангҳои дигар халқият аз мактаби рассомии ӯ таъсир гирифтанд ва ин далели нуфузи баланди эстетикии санъати минатюраи халқи тоҷик аст.

Бо шарофати Беҳзод санъати миниатюраи тоҷик ба унсури ҷудонашавандаи фарҳанги умумибашарӣ табдил ёфт. Он имрӯз дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангии чандин давлатҳо ҳамчун арзиши волои миллӣ ва таърихии тоҷикон муаррифӣ мешавад. Бинобар ин, мавқеи Камолиддини Беҳзод дар муаррифии санъати асили тоҷик беназир аст. Ӯ на танҳо ҳунарманд, балки пайвандгаре буд байни таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ. Осори ӯ имрӯз низ ҳамчун яке аз пурқувваттарин василаҳои шинохти фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунад.

Сипас конференсия аз рӯи бахшҳои «Усулҳои бадеӣ ва рамзҳо дар миниатюра» ва «Нақши миниётураҳо дар интиқоли дониши таърихӣ» идома ёфта, олимону муҳаққиқон маъруза намуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Ноябрь 26, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд
Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид