Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин санад аз 12 модда иборат буда, тибқи он тарафҳо метавонанд дар мубодилаи китобҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои марбут ба фарҳанг, адабиёт ва таърихи давлатҳо ҳамкориро амалӣ намоянд.
Иброз шуд, ки дар доираи ин Ёддошт китобхонаҳои миллӣ ҳамкориро дар бахшҳои гуногун густариш медиҳанд. Ҳамкорӣ дар табодули нашрияҳо, ташкили сафарҳои корӣ барои мутахассисон, ҳифз ва таъмиру тармими китобҳои мероси фарҳангӣ ва рушди маводи чопию электронӣ тибқи қонунгузории давлатҳои тарафайн амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар самти фаъолияти китобдорӣ бо намояндагони китобхонаҳои ду ҷониб тибқи қонунгузории миллӣ ҳамкорӣ ва мубодила менамоянд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






