Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таҳти унвони «Нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд» ҳамоиш доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳамоиш иштирокчиён доир ба нақши оила дар таълиму тарбияи кӯдак ва таъсири китобу китобхонӣ ба наврасон изҳори андеша намуданд.
Иброз гардид, ки тақдими асари таърихии академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим бозида, дар ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузаштагон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо саҳми назаррас мегузорад.
«Модарони мо барои фарзанд алла гуфтаю афсона нақл мекарданд. Хондани китоби «Шоҳнома» низ дар тарбияи маънавии фарзанд нақшгузор аст, зеро ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ онҳоро метавонад аз таъсири ҳар гуна бегонапарастӣ дур созад»,-таъкид шуд дар ҳамоиш.
Ҳар кори манфие, ки ба фарзанд робита дорад, барои аҳли хонадон нокомӣ оварда, модаронро нигарон месозад. Аз ин рӯ ба таълиму тарбияи фарзанд бояд диққати махсус дод.
Гуфта шуд, ки тарбия чанд намуд аст: фардӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ. Агар тарбияи фардӣ ва иҷтимоӣ то синни муайян бошад, тарбияи маънавии инсон як умр аст. Дар тарбияи фарзанд риояи арзишҳои ахлоқӣ нақши бузург дорад, аз қабили тасмим гирифтан бо ақл, на бо эҳсосот, сарфаи дурусти вақт, гуфтори нарм, бо забони шевои тоҷикӣ ва дуруст ҳарф задан, сабур будан нисбат ба ҳамдигар, бахусус байни зану шавҳар, ки фарзандон аз ин дарси ибрат мегиранд, некбин будану умеди нек доштан ва фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намудан.
Таъкид гардид, ки волидайн бояд фарзандро ба ҳамнишинӣ бо рафиқи хуб роҳнамоӣ намоянд. Дар тарбияи фарзанд меҳру муҳаббати худро дареғ надоранд ва онро бошуурона ба фарзандон тақдим созанд. Маҳбубу муҳтарам буданро дар тарбия талқин намудан аз арзишҳои дигари ахлоқӣ мебошад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






